Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» 7 августи соли 2015 бо арзиши 15 млн. доллари ИМА (грант – 45%, кредит – 55%) ба имзо расид.
           Мақомоти давлатии ҶТ, ки ҳамчун татбиқкунандаи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» баромад менамояд, Вазорати маориф ва илми ҶТ (ВМИҶТ) мебошад.

        Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) аз 7 августи соли 2015 ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки ҷаҳонӣ ба имзо расонида шудааст.

    Мақсади Лоиҳа ин таҳияи механизмҳои беҳтар намудан ва мониторинги сифат ва мутобиқати таҳсилоти олӣ ба бозори меҳнат мебошад.

  • Самтҳои фаъолияти лоиҳа

–Беҳбудиҳо дар сатҳи институтсионалӣ (12,7 млн. доллари ИМА);

–Тадбирҳои системавӣ (1,7 млн.доллари ИМА) ;

–Идоракунӣ, мониторинг ва арзёбии лоиҳа (0,6 млн. доллари ИМА).

Муҳлати татбиқи лоиҳа

–Оғози лоиҳа:  1-уми марти соли 2016

–Анҷоми лоиҳа:     30-уми октябри соли 2021

  • Сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳа

–Бонки ҷаҳонӣ (қарз)         8, 250 млн.доллари ИМА (55%)

–Бонки ҷаҳонӣ (грант)     6, 750 млн.доллари ИМА (45%)

Маблағи умумии Лоиҳа       15,000 млн.доллари ИМА

Мақомоти иҷроияи Лоиҳа Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВМИҶТ).

Маълумоти бештар …

 

 

 

 

Ҳамкориҳо