Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  Парки технологӣ” (№629, аз 21 июли соли 2010) ва мавриди иҷро қарор додани қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (№18/29 аз 31.05.2011) бо Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ (№10 аз 6 июли соли 2012) Парки технологии донишгоҳ таъсис дода шудааст.

Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи инноватсионӣ бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои иноватсионй ва инвеститсионй ташкил шуда, дар асоси талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи парки технологӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият", Қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумурии Тоҷики барои солҳои 2011-2020», Қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»,  Қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015», Қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби бақайдгирии давлатӣ, ташкилу гузаронидани ташхис ва озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ”, Оинномаи ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ, Оинномаи парк  ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро анҷом дода истодаааст.

Парки технологӣ баҳри пешбурди фаъолият тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ва Оинномаи худ барои барои намудҳои фаъолияте, ки бояд мавриди литсензиякунонии давлатӣ қарор дода шаванд, литсензияҳо (иҷозатномаҳо) гирифта истодааст. Аз ҷумла барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ-истеҳсолӣ дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ аз рӯи самтҳои асосии фаъолият, бо назардошти тадбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷозатнома (АУ №0002505 аз 27 марти соли 2018, №3111) дода шудааст.

Тибқи қарори Шӯрои Олимони ДТТ аз 30 декабри соли 2013 баҳри таъмини фаъолияти бонизом ва амалӣ намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ ба Парки технологии донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ расонидани ёрии молиявии баргарданда расонида шавад ва ё донишгоҳ барои гирифтани қарз аз бонк ба парки технологии донишгоҳ кафолатнома диҳад. Ба Парки технологӣ иҷозат дода шудааст, ки баҳри баланд бардоштани самаранокии истифодаи таҷҳизоти кафедраҳои дахлдор, заминаи моддию техникӣ ва молу амволи донишгоҳро ҳамчун зерсохтор бо таъмини ҳолати техникӣ, бехатарӣ ва санитарӣ, ройгон истифода барад. Шўъбаи робитаҳои хориҷии донишгоҳ вазифадор шудааст, барои дарёфти лоиҳаҳои инноватсионӣ ва тадбиқи онҳо дар парки технологӣ мусоидат намояд.

Парки технологии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар мувофиқи бо роҳбарияти донишгоҳ барои ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқи донишгоҳ ба фаъолиятҳои илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ, дар як сол ду маротиба озмун мегузаронад. Як маротиба бахшида ба ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз ва маротибаи дуюм бахшида ба  Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамзамон бо беҳтар шудани ҳолати молиявии технопарк дар назар гирифта шудааст, ки барои донишчӯёни ихтироъкори аълохон ва аспирантони беҳтарин стипендияи технопарк таъсис дода  мешавад.

Айни замон сомонаи интернетии  Парки технологии донишгоҳ  дар реҷаи тестӣ ба кор оғоз намудаст.

Сомонаи технопарк дар интернет www.technopark.tj

Ҳамкориҳо