Яке аз шохаҳои фаъолияти парки технологӣ ин ташкили курсҳои касбомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандон мебошад. Аз ҷумла барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ-истеҳсолӣ дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ аз рӯи самтҳои асосии фаъолият, бо назардошти тадбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷозатнома (АУ №0002505 аз 27 марти соли 2018, №3111) дода шудааст.

Айни замон парки технологии донишгоҳ асосан корҳои илмию тадқиқотиро бо корхона ва ташкилотҳо дар асоси шартнома ба роҳ монда истодааст, аз ҷумла бо дархост барои  ҶДММ “ГАЗПРОМНЕФТ ТОҶИКИСТОН, Муассисаи махсусгардонидашудаи нақлиёти тиббии шаҳри Душанбе, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО  РОҒУН», ШТИ КФС “Дирексияи сохтмони РО Душанбе-Қурғонтеппа”, Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”, Ҷамъияти саҳомии фаръии "Сохтмони асосӣ"-и ҶСК «НБО  РОҒУН», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВАСЛ–2016», Муассисаи давлатии Пажўҳишгоҳи акушери гинекологи ва перинатологияи Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд “ЛОИҲА-ГИДРОЭНЕРГО” корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳлилӣ ба анҷом расиндааст. 

Соли  Фармоишгар  Тавсифи қарордод 
иҷроиш
2013 Комиссияи техникии РБДА Корҳои илмию тадқиқотӣ
2014 ҶДММ “ГАЗПРОМНЕФТ ТОҶИКИСТОН Корҳои илмию тадқиқотӣ
2014 Комиссияи техникии РБДА Корҳои илмию тадқиқотӣ
2014 Муассисаи махсусгардонидашудаи нақлиёти тиббии шаҳри Душанбе Корҳои илмию тадқиқотӣ
2015 Комиссияи техникии РБДА Корҳои илмию тадқиқотӣ
2015 Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО  РОҒУН» Корҳои илмию тадқиқотӣ
2015 ШТИ КФС “Дирексияи сохтмони РО Душанбе-Қурғонтеппа” Корҳои илмию тадқиқотӣ
2016 Комиссияи техникии РБДА Корҳои илмию тадқиқотӣ
2016 Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” Корҳои илмию тадқиқотӣ
2016 Ҷамъияти саҳомии фаръии "Сохтмони асосӣ"-и ҶСК «НБО  РОҒУН» Корҳои илмию тадқиқотӣ
2017 Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВАСЛ–2016» Корҳои илмӣ – таҳлилӣ 
2017 Комиссияи техникии РБДА Корҳои илмию тадқиқотӣ
2018 Муассисаи давлатии Пажўҳишгоҳи акушери гинекологи ва перинатологияи Тоҷикистон иҷрои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ оид ба муайян кардани меъёри сарфи сӯзишвории автомобилҳо
2018 Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВАСЛ–2016» иҷрои корҳои илмӣ – таҳлилӣ оид ба санҷиши таҷҳизоти электронии худкор
2019 Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд “ЛОИҲА-ГИДРОЭНЕРГО” иҷрои корҳои илмӣ – таҳлилӣ оид ба ташхиси маҳсулот

Инчунин парки технологии донишгоҳ озмоишгоҳҳои тахассусии самти сохтмонро аз аккредитатсияи давлатӣ дар Тоҷикстандарт барои ташхиси сифати маводи сохтмон гузарони. Дар асоси аккредитатсияи мазкур назорати сифати маҳсулоти сохтмони Лоиҳаи Азнавсозии кӯчаи Шевченко аз кӯчаи С.Шерозӣ то хиёбони С.Шерозӣ
(Фармоишгар Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе”) аз тарафи технопарки донишгоҳ бо ҷалби устодони варзидаи донишгоҳ амалӣ шуда истодааст

Аттестат

Ҳамкориҳо