Маҷаллаи илмй-назариявии «ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ. БАХШИ ТАҲҚИҚОТИ МУҲАНДИСӢ» нашрияи даврии  илмй мебошад. Муассиси маҷалла Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ мебошад. Қаблан маҷалла бо номи «Паёми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон» нашр мешуд ва аз моҳи январи соли 2008 инҷониб нашр мешавад.
Маҷалаи «ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ. БАХШИ ТАҲҚИҚОТИ МУҲАНДИСӢ» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст (Шаҳодатномаи № 0261/ЖР аз 18 январи соли 2017).

Инж
Дар асоси созишнома бо Китобхонаи илмии электронӣ (№ /09-1) маҷалла ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия дохил гардидаст.  
Маҷалаи «ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ. БАХШИ ТАҲҚИҚОТИ МУҲАНДИСӢ» дар Маркази миллии патенту ахбори назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст (рақами бақайдгирии давлатии ZI – 02.1.090ТҶ аз 10.06.2009с.).
Ба маҷалла рақами силсилавии байналмилалии стандартӣ (ISSN –  2520-2227) дода шудааст.

Маҷалла мақолаҳои илмии муаллифон ва коллективҳои эҷодиро дар самтҳои зерин қабул мекунад:

  1. Энергетика
  2. Металлургия ва материалшиносй
  3. Технологияи химиявӣ
  4. Нақлиёт
  5. Сохтмон ва меъморӣ

Ҳамкориҳо