Таъмини амнияти озуқаворӣ

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат баҳри расидан ба аҳдофе, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст.

Ба ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб шудаанд. Дар ин самт кори асосӣ бар ӯҳдаи вазорату муассисаҳои дахлдор ва кормандони соҳа вогузор шудааст. Вале иҷрои он паҳлӯҳои зиёде дорад, ки ниёзмандиро ба ҳамкориҳои хориҷӣ тақозо мекунанд. Аз ҷумла, сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, парвариши навъҳои нави растанӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, рушди боғу токпарварӣ, чорводорӣ ва ғ., овардани техникаи кишоварзӣ самтҳое мебошанд, ки онҳоро дар ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафта амалӣ кардан мумкин аст. Натиҷаи ин бояд дар маҷмӯъ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи қонеъкунанда бошад. Ин нуктаро Роҳбари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 25 апрели соли 2008 равшан зикр намуда буд: «Мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем». Воқеан дар бисёр ҳолатҳо таъмини бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ аз самаранокӣ ва уствории рушди хоҷагии қишлоқ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра барномаҳоро дар соҳаи кишоварзӣ қабул намудааст.

Ҳамкориҳо