Саноатикунонии босуръати кишвар

Барои расидан ба ин мақсад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро, таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.

Бинобар ин, айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятҳоро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои навъи истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ, вусъат бахшида истодааст. Мавҷуд набудани баъзе намудҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ масъалаи ҳалталаб мебошад. Вобаста ба ин, дар назардошта шудааст, ки ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад ва тартиби татбиқи имтиёзҳо муайян шавад.

Тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ доир ба ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот имкон доданд, ки аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, асбобҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмон таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар дар давоми се соли охир қариб се миллиард сомонӣ ё 31 фоиз коҳиш дода шавад.

Ҳамкориҳо