Яке аз шохаҳои фаъолияти парки технологӣ ин ташкили курсҳои касбомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандон мебошад. Аз ҷумла барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ-истеҳсолӣ дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ аз рӯи самтҳои асосии фаъолият, бо назардошти тадбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба технопарк Иҷозатнома (Т-ИФ №0003690 аз 17 майи соли 2023, №216) дода шудааст.
Соли 2022 парки технологии донишгоҳ дар базаи кафедраи истифодабарии нақлиёти автомобилӣ мактаби ронандагӣ кушода шудааст. Омӯзиш тибқи барномаи таълимии категорияҳои В ва С ташкил шудааст, ки онро зиёда аз 400 нафар онро хатм карданд.