Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло

Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ

14 марти соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои техникӣ, дотсент.

Маълумот: олӣ. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Ихтисос: муҳандис-электрик

Мукофот ва қадршиносиҳо: Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника; Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2005-2010 донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ;

Солҳои 2010-2011 – ассистенти кафедраи электротаъминкунии факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ;

Солҳои 2011-2013 – муовини декани факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ;

Солҳои 2013-2016 – аспиранти Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубии Федератсияи Россия;

Солҳои 2016-2019 мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ;

Солҳои 2019-2021 – муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ оид ба таълим;

Аз соли 2021 то ҳол – муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Ҳамкориҳо