2 майи соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. номзади илмҳои техникӣ, дотсент.
Маълумот: олӣ. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С. Осимӣ.
Ихтисос: муҳандис-электрик.
Мукофот ва қадршиносиҳо: Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, 2018.
Солҳои 2005-2010 – донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С. Осимӣ;
Солҳои 2009 –2010 лаборанти кафедраи «Электротаъминкунӣ»-и ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ;
Солҳои 2010-2013 – ассистенти кафедраи «Электротаъминкунӣ»-и ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ;
Солҳои 2013-2016 – аспиранти шуъбаи рузонаи Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубӣ, ш. Челябинск;
Солҳои 2017-2018 – муовини деканаи факултети «Энергетикӣ» оид ба илм ва кор бо донишҷӯёни шартномавӣ, ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ;
Солҳои 2018 –2022 – Мудири кафедраи “Ҳимояи релеӣ ва автоматика”-и ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ;
Аз 13.07.2022 то ҳол – муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.