Давлатзода Қудрат Қамбар

Давлатзода Қудрат Қамбар

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

5 апрели соли 1972 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.

Маълумот: олӣ. Донишкадаи химикию технологии Қазоқистон.

Ихтисос: муҳандис-химик-технолог.

Мукофот ва қадршиносиҳо: медали “Хизмати шоиста”; Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1990-1995 – донишҷӯйи Донишкадаи химикию технологии Қазоқистон;

Солҳои 1995-1998 –  ассистенти кафедраи комплекси агросаноатии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон;

Солҳои 1998-2000 – аспиранти Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Россия;

Солҳои 2000-2004 – ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи КАС-и факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Солҳои 2004-2008 – ходими калони илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳамзамон докторанти Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Россия;

Солҳои 2009-2011 – сардори раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2011-2012 –  сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи (Славянии) Россияву Тоҷикистон;

Солҳои 2012-2013 – муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба робитаҳои байналмилалӣ;

Солҳои 2013-2017 – декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Солҳои 2017-2018 – ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;

Солҳои 2018-2020 – директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз 20.11.2020 то ҳол – ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Ҳамкориҳо