Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 декабри соли 2021 баён доштанд, ки ...”Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд. Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем”. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори ҳадафҳои стратегие мебошад, ки ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шудааст.