Заргарӣ – яке аз санъатҳои қадимаи ороишию амалиии мардуми кураи замин ба шумор меравад. Аз бозёфтҳои қадима маълум мешавад, ки аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи асри биринҷӣ тааллуқ доранд.
Заргар (ювелир) аз калимаи форсу - тоҷики ҷавоҳир гирифта шуда, маънояш ганҷ мебошад. Мардуми ғарб калимаи джувелирро истифода мебаранд бо ҳамин гуфтаниам, ки сарчашмаи ҳунари заргарӣ аз ниёгони мо мебошад. Заргарӣ яке аз касбҳои нозуктарин, зеботарин, сердаромадтарин ва қадимтарин ба ҳисоб меравад. Вақте ки сухан дар бораи ҳунари заргарӣ меравад пеши назар зебои, ҳунарманди ва моҳрина истифода бурдани маводи заргарӣ заргар дида мешавад. Дар вактхои охир хунари заргари ба як сохаи илму технологияи пешрафта табдил ёфта истодааст.
Дар санъати заргарӣ усулҳои кӯбиш, рехтагарӣ намудан, кандакории бадеӣ, нақшкӯбӣ, кандакорӣ, оброн (техникае, ки дар пасзаминаи он сурат бурида шудааст), симкашӣ ва ғайра истифода мешаванд.
Технологияи истеҳсоли заргарӣ дар айни замон бисёр соҳаҳои технологияро дар бар мегирад: санъати рехтагари; коркарди металл бо фишор; кафшер(пайка); кафшергарӣ; электрофизикӣ; электрохимиявӣ ва ороишӣ(декоративӣ); рӯйпӯш кардан; коркард дар мошинҳои барномасозии автоматикӣ ва ғайра.
Айни замон дар озмомоишгоҳи “Технология ва таҷҳизоти саноати заргари”-и кафедраи “Металлургия” равандҳои зерини тайёр намудани маснуотҳои заргарӣ гузаронида мешавад. Аз он ҷумла:
Тайёр намудани маснуотҳои заргарӣ бо усули симкорӣ (филигран);
Бо усули рехтагарӣ:
а) рехтагарии марказгурез;
б) рехтагарӣ бо фишор;
в) рехтагарии вакуумӣ;
Бо усули барномасозӣ.