ФОНДИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТАДҚИҚОТИ БУНЁДӢ

       

          Лоиҳаҳои ба озмун пешниҳодшавандаи илмӣ-тадқиқотии бунёдӣ ва амалӣ бояд барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мусоидат карда тавонанд.

Бо назардошти ҳолати воқеӣ ва дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон лоиҳаҳои ба озмун пешниҳодшаванда бояд дар самтҳои зерини афзалиятдоштаи илм ва техника иҷро шаванд:

-ташаккул ва амалисозии сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ дар ша- роити соҳибихтиёрӣ ва иқтисодиёти бозоргонӣ;

-математика, астрономия ва физика;

-мўътадилгардонии кори гидроқисмҳо бо истифодаи усулҳои моделсозии математикӣ;

-тағйирёбии иқлим, мониторинги муҳити зист, огоҳонидан аз фалокатҳои табиӣ ва техногенӣ;

-кимиё ва технологияи кимиёвӣ;

-илм дар бораи замин;

-биотехнология;

-технологияи тибби биологӣ;

-асосҳои биологии рушди маҷмаъаи саноати кишоварзӣ ва коркарди технологияҳои нави кишоварзӣ;

-нанотехнология ва наномаводҳо;

-маводи фулузотии конструксионӣ;

-маводи полемирии конструксионӣ;

-технологияҳои сарфаи энергия;

манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия, усулҳои табдил ва захираи энергия;

- маҷмаъаи ашёи хом, нуриҳои мадандор ва саноатӣ;

-тандурустӣ, экология ва технологияи ҳифзи табиат;

- технологияи истеҳсоли доруҳои нави табобатӣ, аз он ҷумла бо истифодаи маҳсулоти хоми маҳаллӣ;

-технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ва идоракунӣ;

- маҷмаъаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ.

Лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотии бунёдӣ ва амалӣ аз шумораи лоиҳаҳои ба озмун пешниҳодшавандаи муассиса ва ҳайат (коллектив)-ҳои илмӣ, муассисаҳои илмӣ, олимони алоҳида ва мутахассисони институтҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар асоси натиҷаҳои тафтиши экспертизаи мустақил интихоб карда мешаванд ва аз ҳисоби Фонд бо таъйиноти мақсаднок ба мўҳлати 2 сол маблағгузорӣ карда мешаванд. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба ҳар як лоиҳа 8-20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ариза ҷиҳати иштирок дар озмун бояд аз сарсаҳифа (титул) ва асоснома барои гузаронидани лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ иборат бошад.

Дар сарсаҳифа номи муассиса (ки он ҷо иҷрои лоиҳа пешбинӣ шудааст), номи лоиҳа, мўҳлати иҷрои лоиҳа, роҳбари лоиҳа ва иҷроку-нандагони асосии лоиҳаро нишон додан зарур аст.

Дар асоснома мухтасар, дар 2-3 варақ (қоғази формати А4), муҳиммияти масъала, навоварии масъала, мақсади лоиҳа, заминаи илмӣ дар ин соҳа, натиҷаҳои чашмдошт ва соҳаеро, ки дар он натиҷаҳои тадқиқот истифода шуда метавонанд, нишон додан зарур аст.

Ба асоснома бояд замима шаванд:

  1. Супориш барои гузаронидани лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ, ки дар он мўҳлати иҷрои лоиҳа (марҳила ба марҳила) ба муддати ду сол ба шакли ҷадвал нишон дода шудааст. Супоришро роҳбари илмии лоиҳа имзо мекунад ва роҳбари муассиса тасдиқ мекунад.
  2. Сметаи хароҷот ҷиҳати анҷом додани лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ (дар ҳар як сол ва умуман дар 2 сол), ки аз ҷониби роҳбари лоиҳа, сармуҳосиби корхона имзо гардида аз тарафи роҳбари муассиса тасдиқ шудааст.

Ба ҳама масъалаҳои вобаста ба пешниҳоди лоиҳаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба озмун ба нишонии зерин муроҷиат карда шавад: 734025 ш.Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 33, Фонди Президентии тадқиқоти бунёдӣ.

 Телефон барои маълумот: 2-21- 62-64

Ҳамкориҳо