Парки технологӣ баҳри пешбурди фаъолият тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ва Оинномаи худ барои барои намудҳои фаъолияте, ки бояд мавриди литсензиякунонии давлатӣ қарор дода шаванд, литсензияҳо (иҷозатномаҳо) гирифта истодааст.
| Барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ-истеҳсолӣ дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ аз рӯи самтҳои асосии фаъолият, бо назардошти тадбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷозатнома (АУ №0002505 аз 27 марти соли 2018, №3111) дода шудааст. | Инчунин парки технологии донишгоҳ озмоишгоҳҳои тахассусии самти сохтмонро аз аккредитатсияи давлатӣ дар Тоҷикстандарт барои ташхиси сифати маводи сохтмон гузаронидааст. | |