Роҳбари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, барои истифодаи имкониятҳои берунӣ барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад, бояд саъй кард.
Дар ин самти авлавиятнок имконияту зарфиятҳои дигар низ ба кор андохта мешаванд. Соли 2009 Роҳбари давлат дар Паёми худ ба парлумони кишвар зикр намуд, ки таъмини иҷрои барномаҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодӣ, ки аз Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 бармеоянд, ба ҳалли мушкилоти энергетикии кишвар вобаста буда, дар ин самт бояд вазифаҳои зерин амалӣ карда шаванд:
1. Бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузург, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси системаи ягонаи энергетикии мамлакат.
2. Бо роҳи таъмиру таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ ва барқарорсозии иқтидори онҳо, инчунин шабакаҳои интиқоли барқу газ, гузаштан ба истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва таъмин кардани рушди бонизоми соҳаи энергетика.
3. Бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ дар давоми се соли оянда пурра бо гази табиии истеҳсоли худӣ ва дар чор соли оянда бо нерӯи барқ таъмин кардани эҳтиёҷоти мамлакат ва дар ҳамин асос таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон».
Дар ин самт корҳои зиёде бо мақсади омӯзиши ҳавзаҳо ва конҳои нафту газ ва истифодаи онҳо аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, доир ба пешбурди корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ ва истифодаи захираҳо ҳамкорӣ бо 11 ширкату корхонаҳои ватанию хориҷӣ дар 87 кону майдонҳои нафту газ ҷараён дорад, дар соҳаи истихроҷи ангишт 12 корхонаи гуногун кор мекунанд.
Ба истеҳсоли нерӯи барқи обӣ, ки Тоҷикистон барои ин имкониятҳои бузург дорад, аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки рушди босуботи соҳаи энергетика таъмин карда шавад.
Рӯйдодҳои муҳими солҳои охир, ин бунёд ва ба истифода додани агрегатҳои НБО "Роғун", НБО-и «Сангтӯда-1», хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», 220 кВ «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи 220 кВ Тоҷикистону Афғонистон (Сангтуда-Пули Хумрӣ) мебошанд, ки дар расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ қадами бузург ба ҳисоб мераванд. Ба мақсади бунёди системаи ягонаи барқии кишвар, таъмини пурраи эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ бо барқ ва содироти он ба хориҷа дар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, инчунин ба бунёди инфраструктураи интиқоли он таваҷҷӯҳи хосса равона шуда буд. Бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол» имкон дод, ки дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикӣ ташкил карда шавад.
Ба мақсади дастгирии бештари рушди энергетика ва ҳамкорӣ дар ин соҳа дар Осиёи Марказӣ идеяи таъсис додани Консорсиуми байналмилалии гидроэнергетикӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ки то ҳол моҳияти худро аз даст надодааст. Ин ибтикороти давлати Тоҷикистон аз назари ҷомеаи ҷаҳонӣ берун намемонад ва ин буд, ки зимни татбиқи ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид “Энергияи устувор барои ҳама” дар қатори панҷ кишвари олам Тоҷикистон ба сифати кишвари таҷрибавӣ пешниҳод гардид.