Мулоқоти намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо донишҷӯёни донишгоҳ

 12.03.2022

Санаи 10-уми марти соли 2022 дар доираи иқдоми якҷояи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мулоқоти муовини раиси Иттифоқи ҷавонони тоҷик Раҳимзода Умед бо донишҷӯён баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулини шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон, муовинони декан, устодон ва донишҷӯён иштирок карданд.
Мувофиқи мавзӯи мулоқот муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир ба шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мафҳуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза ироа намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо