ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОН

 12.03.2022

11-уми марти соли 2022 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо ихтироъкорон ва навоварони донишгоҳ мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, роҳбарони воҳидҳои сохтори донишгоҳ, мудирони кафедра, устодон, аспирантон ва донишҷӯёне, ки бо фаъолияти ихтироъкорӣ ва навоварӣ машғуланд, иштирок карданд.
Нахуст ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Қудрат иштирокчиёни мулоқотро бо ҳуҷҷатҳои дахлдор дар самти татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф шинос карда, вобаста ба имкониятҳои донишгоҳ барои дастгирии ихтироъкорон ва навоварон суханронӣ намуд.
Дар давоми мулоқот устодон, аспирантон ва донишҷӯёне, ки ба фаъолияти ихтироъкорӣ ва навоварӣ машғуланд, доир ба самтҳои кории худ, вазъи татбиқи ихтироот ва навоварӣ, шароити пешбурди корҳо, имконияти татбиқи ихтироот ва навоварӣ дар истеҳсолот суханронӣ намуда, пешниҳодҳои худро ҷиҳати рушди фаъолияти ихтироъкорӣ ва навоварӣ иброз карданд.
Сипас муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Мамадамон Абдулло Абдураҳмонбек роҳҳои ҳамбастагии иқтидорҳои илмӣ ва истеҳсолии донишгоҳ, аз ҷумла Парки технологии донишгоҳро бо фаъолияти ихтироъкорӣ ва навоварии устодон ва донишҷӯён муайян карда, барои пешбурди фаъолият ба ихтироъкорон ва навоварон тавсияҳои муфид дод.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо