ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ - АЪЗОИ КИТОБХОНАИ ДАВЛАТИИ ПАТЕНТИЮ ТЕХНИКӢ

 12.03.2022

Рӯзи 9-уми марти соли равон китобдорони китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ чорабинии аъзошавии донишҷӯёнро ба китобхонаи донишгоҳ ва Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот" гузарониданд. Дар чорабинии мазкур асосан донишҷӯёни факултетҳои энергетикӣ ва технологияҳои инноватсионии донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд. Дар ин чорабинӣ ҳудуди 30 нафар донишҷӯён аъзои китобхонаҳо гардиданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо