10 марти соли 2022 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо роҳбарият ва омӯзгорони литсейи техникии донишгоҳ, ки аз Федератсия Россия мебошанд, мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал Маҳмадизода Муродалӣ, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Саъдуллозода Шаҳриёр, директори литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Назарова Саломат ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Сараввал омӯзгорон аз Федератсияи Россия ба роҳбарияти донишгоҳ барои фароҳам овардани шароити мусоиди истиқоматӣ ва корӣ арзи сипос карда, барои пешрафти раванди таълим дар литсей пешниҳодҳои муфид иброз намуданд.
Сипас директори литсейи техникӣ ба ректори донишгоҳ вобаста ба вазъи раванди таълим дар литсей ва фаъолияти умумӣ дар он маълумот дода, доир ба имконияти татбиқи пешниҳодҳои омӯзгорон ибрози андеша карданд.