Субҳи 7-уми марти соли равон раёсати ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бо роҳбарии Давлатзода Қ.Қ. - ректори донишгоҳ занҳои собиқадор ва дар идораву шуъбаҳои донишгоҳ фаъолияткунандаро ба муносибати Рӯзи Модар муборакбод намуд.
Ибтидо ҳайати устодон ва профессорон - занони собиқадоре, ки дар донишгоҳ солҳои тӯлонӣ фаъолият доранд, тамоми бонувони шуъбаю идораҳои донишгоҳро Давлатзода Қ.Қ. аз номи худ, раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ бо фарорасии Рӯзи Модар муборакбод намуда, ба ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ таманниёти нек орзу кард. Баъдан ба бонувон дар фазои идонаву тантанавӣ туҳфаҳои идона супорида шуд.
Дар охир ба ҷашни бошукӯҳи идонае, ки нимаи дуюми рӯз баргузор хоҳад гардид, бонувон даъват карда шуданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.