Мизи мудаввар дар факултети технологияҳои инноватсионӣ

 24.02.2022

Бо ташаббуси садорати факултети технологияҳои инноватсионӣ дар толори маркази таълимии инноватсионии факултет мизи мудаввар баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои марбут ба давомоти донишҷӯён ва аъзошавии онҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва китобхонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 

Дар мизи мудаввар муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Бунафша Саймузаффар, декани факултети технологияҳои инноватсионӣ Гадоев Сафаралӣ, мудири шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ Сатторова Мавлуда, муовинони декан ва устодони донишгоҳ иштирок ва суханронӣ карданд. 


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо