ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 23.02.2022

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта шуд. Ибтидо Давлатзода Қ.Қ. - ректори донишгоҳ ҳамагонро дар ин рӯзи мардонагӣ табрику таҳният гуфта, дар симои ҳамаи иштирокдорон ба Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ ва баракату ободиро таманно намуд.

Баъдан бо қироати фармоиши ректор ба як қатор афсарони кафедраи ҳарбии донишгоҳ ифтихорномаву сипосномаҳо супорида шуд. Пас аз он барномаи фарҳангии дастаи ҳаваскорони донишгоҳ намоиш дода шуд, ки хеле зебо, хотирмон ва дарбаргирандаи рӯҳияи ҳарбӣ-ватанпарварона дошта, хотири ҳамагонро болида гардонид.

Шуъба иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо