Вохӯрӣ бо донишҷӯёни муқими хобгоҳ

 23.02.2022

Бо ташаббуси шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ дар хобгоҳи №2 вохӯрӣ бо донишҷӯён гузаронида шуд. Зимни мулоқот иштирокчиён масъалаҳои марбут ба тарбияи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва инсондустии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода, дар мавзӯи «Муқаддасоти миллии Тоҷикистон-рамзи истиқлолияти миллати тоҷикон» ва «Гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистӣ ва ҳизбҳои мамнуъ-доғи рӯз» маърӯза ироа карданд.

Баргузории силсила мулоқоту вохӯриҳои масъулини шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ тибқи нақшаи фаъолияти ин сохтор мунтазам ба амал бароварда мешаванд. 

 


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо