Курсҳои касбомӯзӣ барои ҷавонон

 16.02.2022

Дар санаи 14 феврали соли 2022 вохурии Ректори донишгоҳ муҳтарам Давлатзода Қ.Қ., ва устодони донишгоҳ бо Шариф Шарипов-Рохбари гурухи устувори Лоихаи кишоварзи ва идоракунии заминхои кишоварзи дар вилояти Хатлон, Гадоев Точиддин - директори техникии ҶСК "Азот" ва Саломова Тахмина мутахассиси Рушди сохибкори "Лоихаи кишоварзи ва идоракунии заминхои кишоварзи дар вилояти Хатлон" (DAI USAID) вохури баргузор гардид. Дар рафти вохурӣ масъалаи баргузории Курсхои касбомӯзӣ барои чавонони осебпазири вилояти Хатлон ва дар оянда ба кор таъмин намудани онҳо дар корхонаи ҶСК "Азот" мавриди барраси қарор гирифтанд.

   


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо