ҶАЛАСАИ ҲИЗБӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 09.02.2022

Имрӯз дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ҷаласаи ҳисоботии солонаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Муҳандис"-и ҲХДТ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Мирзозода И., Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Гулаҳмадзода З.А., аъзоёни Раёсати КИИ "Муҳандис" ва аъзоёни он ширкат намуданд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ ҳисоботи Раиси КИИ "Муҳандис" дар қироати муовини аввал, муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим - Маҳмадизода М.М. шунида шуд. Дар музокирот фаъолони кумитаи ибтидоии ҳизбӣ - Саидумаров С.С., Темурова М., Ашӯрзода А.Н. ва дигарон баромад карданд.

Дар охир ба як қатор аъзоёни навқабулшуда билетҳои ҳизбӣ ва ба фаъолони ҳизб ифтихорномаҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур супорида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

 


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо