КУРСИ ОМӮЗИШӢ ДАР ОЗМОИШГОҲИ ЛОИҲАКАШӢ-ИСТЕҲСОЛИИ АЛ-ҶАЗАРӢ (CEZERI LAB) БА ОХИР РАСИД

 31.01.2022

Рӯзи 29-уми январ маросими анҷоми даври омӯзиши амалӣ ва тарзи истифодаи озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолии ал-Ҷазарӣ (Cezeri Lab) баргузор гардид.

Зимни маросим ба устодоне, ки аз санаи 17-уми январ то 29-уми январ дар барномаи омӯзишӣ вобаста ба тарзи истифодаи озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолии ал-Ҷазарӣ (Cezeri Lab) иштирок доштанд, аз ҷониби ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар ва ҳамоҳангсози дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Душанбе Ибраҳим Эрбил сертификат тақдим карда шуд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ ректори донишгоҳ Давлатзода Қудрат ба масъулини дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Душанбе барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзи сипос карда, зикр намуданд, ки таъсиси озмоишгоҳи ал-Ҷазарӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон имкониятҳои муассисаро дар татбиқи амалии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ васеъ мекунад ва он барои пайвасти илм ва истеҳсолот нақши муҳим хоҳад дошт.

Ҳамоҳангсози дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Душанбе Ибраҳим Эрбил зимни суханронии худ таъкид карданд, ки маҳз фаъолияти созандаи роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки озмоишгоҳи ба номи ал-Ҷазарӣ дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бунёд карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки озмоишгоҳи ал-Ҷазарӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аввалин чунин озмоишгоҳ дар Осиёи Миёна мебошад. Барои омӯзиши таҷҳизот ва дастгоҳҳо, инчунин имкониятҳо озмоишгоҳ экспертҳои оид ба таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Туркия даъват карда шудаанд.

Шуъбаи иттилоот ва робитка бо ҷомеа.

#TTU #TTU_ифтихор #TTU_international #TTU_илм #TTU_2022


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо