ОҒОЗИ ДАВРИ ОМӮЗИШИ АМАЛӢ ВА ТАРЗИ ИСТИФОДАИ ОЗМОИШГОҲИ ЛОИҲАКАШӢ-ИСТЕҲСОЛИИ АЛ-ҶАЗАРӢ (CEZERI LAB)

 20.01.2022

Дар доираи Қарордод оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия, Сарраёсати Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар бораи таъсиси озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолии Cezeri Lab ва омӯзиши истифодабарии он дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон санаи 17-уми январ тавассути баргузории курси омӯзишӣ даври омӯзиши амалӣ ва тарзи истифодаи озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолии ал-Ҷазарӣ (Cezeri Lab) оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи курсҳои омӯзишӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло ва ҳамоҳангсози дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Ибраҳим Эрбил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Барои баргузории курси омӯзишӣ аз Ҷумҳурии Туркия эксперт оид ба таҷҳизоти замонавӣ (принтерҳои озмоишгоҳи Cezeri Lab) Ҷалолиддин Четинкай даъват карда шуд.

Курси омӯзишӣ бо ҷалби беш аз 20 нафар устодон ва олимони ҷавон баргузор гардида, дар рафти он ба иштирокчиён тарҳрезии 3D (PartModeling) дар муҳити барномаи Solidworks, эҷоди кодҳои GK дар принтерҳои 3D бо истифода аз нармафзори буридан (Cura, 3D Simplify ва ғ.), танзимоти Принтери FDM 3D ва DLP 3D ва омода кардани принтер барои чоп омӯзонида мешавад.

Инчунин, дар рафти курсҳои омӯзишӣ мошинаи буриши лазерӣ, тағйир додани найҳои лазерӣ, танзимоти оинаи лазерӣ, истифодаи хунуккунакҳо ва нигоҳубини умумӣ, коркарди (Рутер CNC ва мошини пармакунӣ) мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Рамзгузории сатҳи асосӣ ва барномаҳои роботӣ бо Arduino низ ба барномаи омӯзиш ворид карда шудааст. Омӯзиши барномаи роботӣ имконият медиҳад, ки сенсорҳои рақамӣ ва аналогӣ, муҳаррикҳои DC, дурахши LED, замимаи RGBled, идоракунии LED бо истифода аз тугма, сохтани чароғҳои шабона бо LDR, дурахши LED бо сенсори рақамӣ, сохтани сенсорҳои таваққуфгоҳ бо сенсори ултрасадо, назорати мотори серво бо потенсиометр аз ҷониби олимони ҷавони донишгоҳ васеътар омӯхта шавад ва дар ояндаи наздик татбиқи амалии худро дар истеҳсолот ёбад.

Мавриди зикр аст, ки миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Сарраёсати Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА), махсусан дафтари Агентӣ дар шаҳри Душанбе ҳамкориҳои фарогири мутақобилан судманд ба роҳ монда шуда, ҷонибҳо барои тақвият додани заминаи моддӣ-техникӣ ва мустаҳкам кардани пояи илмии донишгоҳ як қатор лоиҳаҳоро амалӣ карда истодаанд.

Озмоишгоҳи ба номи ихтироъкор Исмоил ал-Ҷазарӣ мисоли воқеии рушди муносибати ҷонибҳо мебошад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

#TTU #TTU_international #TTU_илм #TTU_2022


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо