Ректори донишгоҳ бо медали "20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай" қадрдонӣ гардид

 13.11.2021

ХУШХАБАР!

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо медали «20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай» қадрдонӣ карда шуданд.

Мукофоти мазкур зимни баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф» аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ба ректори донишгоҳ тақдим гардид.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо