Озмуни ихтироъкорон ва навоварони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

 13.11.2021

Санаи 12 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 миёни донишҷӯён, магистрантон ва унвонҷӯён донишгоҳ озмуни ихтироъкорон ва навоварон ташкил ва баргузор гардид.

Чорабиниро ректори донишгоҳ ифтитоҳ карда, иброз намуданд, ки озмуни мазкур ҳамзамон дар доираи «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе», ки бо иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 15 то 20 ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе эълон гардидаст, баргузор мегардад.

Зикр гардид, ки ғолибони озмун аз ҷониби Парки технологии донишгоҳ бо мукофотҳои гуногун қадрдонӣ мешаванд.

Дар озмун шумораи зиёди донишҷӯёни донишгоҳ ихтирооти худро ба намоиш гузошта, комиссияи босалоҳият дар давоми баргузории озмун онҳоро баҳогузорӣ намуд.

Мавриди қайд аст, ки бо ташаббуси хадамоти илм озмуни ихтироъкорон ва навоварон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамасола ташкил мегардад. Иқдоми мазкур ҷиҳати муаррифии истеъдодҳои ҷавон, мусоидат дар омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва тақвият додани фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ нақши муҳим дорад.

     

     

 


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо