Иштироки ҳайати донишгоҳ дар Конференси минтақавии омодагии Осиёи Марказӣ ба 9-умин Форуми ҷаҳонии об «Амнияти обӣ барои сулҳ ва рушд»

 21.10.2021

Санаи 19 октябри соли равон ҳайати донишгоҳ дар Конференси минтақавии омодагии Осиёи Марказӣ ба 9-умин Форуми ҷаҳонии об «Амнияти обӣ барои сулҳ ва рушд» иштирок намуд.

Чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалии рушд баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин намояндагони ВАО иштирок ва суханронӣ карданд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Аралро барои солҳои 2020-2023 қабул кард. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ фаъолият намудани раёсати Фонди мазкур қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 тасдиқ гардид. Аз моҳи октябри соли 2020 Кумитаи иҷроияи Фонди мазкур фаъолияти худро оғоз намуд.

        

Аксҳо аз сомонаи АМИТ "Ховар"

khovar.tj


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо