Бо мақсади таъмин кардан бо адабиёти дарсӣ ва ба ин васила мусоидат намудан дар баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён санаи 22 сентябр шумораи зиёди адабиёти дарсӣ ба Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ тақдим гардид.
Дар маросими тақдим сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳмонзода Аҳмадҷон, мудири шуъбаи инноватсия ва нашрияҳои илмӣ, роҳбарияти китобхона, намояндагони Коллеҷи техникӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти босамари Коллеҷи техникӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани раванди таълим ва тарбия дар коллеҷ тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ менамояд.