Табрикоти ректори донишгоҳ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 10.09.2021

Табрикоти ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ба номи академик М.С.Осимӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар ба муносибати ҷашни

30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Омӯзгорони гиромӣ, донишҷӯёни азиз, ҳамватанони арҷманд!

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар ин рӯзҳои шодию фараҳмандӣ ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот, рушди устувор ва осудагии фарогир таҷлил менамояд.

Истиқлол  нишонаи озодию худшиносӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ, рушду тараққиёти ҷомеа, ҷашни хушнудӣ, шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Он барои мо озодӣ, шукуфоӣ, падидаҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ, оғози бунёдкориҳои тоза, нусратҳои ҷадид овард.

Истиқлол ормони ҳазорсолаи мардуми шарафманди мо буд, ки дар баробари ба даст овардани он кишвари азизамон ва халқи обрӯманди Тоҷикистон бо сарварии шахсияти бузурги таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза аз дастовардҳои нав ба нав бархӯрдор мешавад.

Дар китоби худ Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳатам Эмомалӣ Раҳмон менависанд: «Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст». Воқеан, миллати бунёдкори тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами худ тавонист заминаҳои рушдро барои садсолаҳо таъмин намояд.

Давоми 30 – соли соҳибистиқлолӣ тамоми соҳаҳо рӯ ба рушд ниҳоданд.  Арзишмандтарин дастовард, ки  поягузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ мебошанд. Амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон дониста мешавад.  Ҳамзамон, ташаббусҳои бузурги ҷаҳонии Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон аз қабили соли 2003 соли байналмилалии оби тоза, даҳсолаи байналмилалии амал “Об - барои ҳаёт, 2005-2015”, соли 2013 соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» далели возеҳи гуфтаҳои болост. 

Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои Ватани азизамон рӯз ба рӯз ободу зебо, мақоми кишварамон дар арсаи ҷаҳон баландтар шудаистодааст ва ин фараҳмандӣ барои сокинони кишвари сулҳпарвару созанда ва бунёдкорамон мояи ифтихор ва сарбаландӣ мебошад.

Имрӯзҳо дар доираи амалисозии барномаҳои қабулгардида ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо мақсади аз мамлакати аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон, яъне баланд бардоштани нақши саноат, техника ва технологияҳои нав дар таъмини тараққиёти мамлакат заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда истодаанд.

Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аз самтҳои стратегии сиёсати иқтисодии мамлакат маҳсуб меёбанд.

Хушбахтона, бо шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои якҷояи миллати шарафмандамон се ҳадафи стратегии миллии мо – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ наздик расидаанд ва ҷиҳати таъмни иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ шумораи зиёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ бунёд гардида, дар баробари ин бо азму талоши Пешвои муаззами миллат нерӯгоҳи бузург – Роғун бунёд ва ду агрегати он ба фаъолият оғоз карданд, ки дар ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон мусоидати комил менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди бахшҳои калидии иқтисодиёти кишвар ба он оварда расониданд, ки имрӯз Тоҷикистон аз нигоҳи шабакаҳои роҳу нақлиёт ба системаи ягона ва аз қаламрави сепорча ба як қаламрави якпорча табдил ёфтааст.

Давоми соҳибистиқлолӣ муҳимтарин иншооти соҳаи роҳ ва нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. «Мурғоб - Қулма»,  «Шоҳон - Зиғар марҳилаҳои 1, 2, 3»,  «Шкев - Зиғар»,  «Душанбе – Қурғонтеппа – Данғара - Кӯлоб»,  «Дӯстӣ - Панҷи Поён, марҳалаҳои 1, 2»,  «Душанбе - сарҳади Қирғизистон, марҳалаҳои 1, 2, 3», «Душанбе – Чаноқ - сарҳади Ӯзбекистон», «Қурғонтеппа - Дӯстӣ, марҳалаи 1», «Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон», «Айнӣ-Панҷакент - сарҳади Ӯзбекистон», нақбҳои «Истиқлол»,  «Шаҳристон»,  «Дӯстӣ», «Озодӣ», «Хатлон» аз муҳимтарин иншооти сохтмонӣ ва роҳҳои автомобилгард дониста мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбии заминавӣ барои татбиқи 3 ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти комили энергетикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар  мутахасисони баландихтисосро омода намуда, дар ин замина саҳми худро дар рушду нумӯи Ватани азизамон мегузорад.

Ҳамдиёрони азиз!

Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо  мекунад, зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

Дар ин замони рушди устувор мо шукрона аз он мекунем, ки дар чунин фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол умр ба сар мебарем ва барои ободии ин сарзамин кӯшиш менамоем.

Ба муносибати ин санаи фархунда - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки Шумо ва кулли ҳамватанонамонро самимона шодбош гуфта, ба Шумо сиҳатмандӣ,  саодати  зиндагӣ ва дар тарбияи насли ояндаю созанда дастоварду пешравиҳои назаррас орзу менамоям.

Бигзор мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша саломату сарбаланд, хонаобод ва осуда бимонад.

Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

 


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо