РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ МУБОРАКБОД МЕГӮЯД

 07.03.2020

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ н.и.и., дотсенти кафедраи “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт” ФОХАКОВ Абдурауф Сайдалиевич ва ассистенти кафедраи “Коркарди энергиябарандаҳо ва хизматрасониҳои нефту газ” МАҲМУДОВА Таҳминаи Муминҷонро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмӣ самимона муборакбод мегӯяд.

Хотиррасон мешавем, ки Фохаков А.С. рисолаи докториашро дар мавзӯи “Ҷанбаҳои илмӣ-амалии таъмини рушди уствори системаҳои нақлиётӣ-технологии хизматрасонии аҳолии минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон” (Рӯзи ҳимоя 6-уми марти соли 2020 соати 9-00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-041 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Маҳмудова Т.М. рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҷанбаҳои физикию химиявии технологияи регенератсия ва безараргардонии як қатор равғанҳои техникӣ ва хӯрданӣ бо истифода аз гилхокҳои маҳалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Рӯзи ҳимоя 6-уми марти соли 2020 соати 9-00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-041 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон) бомуваффақият дифоъ намуданд.

Раёсати донишгоҳ умедвор аст, ки дар оянда низ олимони ҷавон ба тадқиқоти худ идома дода, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ хоҳанд расид.

Раёсати донишгоҳ.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо