Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ сазовори ҷойи аввал гардид

 30.07.2021

 
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо нишондиҳандаҳои баландтарин аз рӯйи натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2021 дар рӯйхати беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон аз рӯйи рейтинги Webometrics Ranking of World Universities дар ҷойи якум қарор гирифта, мавқеи худро дар байни зиёда аз 31000 донишгоҳҳои ҷаҳон 3 734 зина боло бурд.
Ҳамин тавр, дар байни зиёда аз 31000 донишгоҳи ҷаҳон Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар ҷойи 5983 қарор гирифт.
Рейтинги мазкур дар асоси пажӯҳиши Шӯрои миллии тадқиқоти Испания (CSIC), ки дар Мадрид ҷойгир аст, нашр мегардад. Webometrics Ranking of Universities World, ки бо номи Ranking Web of Universities маъруф аст, системаи глобалии рейтинги донишгоҳҳо мебошад, ки вобаста ба якчанд нишондод, аз ҷумла нашри тадқиқотҳои илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалӣ (Scopus, Web of science, Google Academy ва ғайра), иқтибоси беруна ба мақолаҳои илмӣ, фаъолияти илмӣ-тадқиқотии аспирантон ва татбиқи натиҷаи онҳо дар хориҷи кишвар, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, дарёфти патентҳои сатҳи байналмилалӣ ва фаъолияти сомонаи интернетӣ асос ёфтааст. Рейтинги мазкур дар асоси пажӯҳиши Шӯрои миллии тадқиқоти Испания (CSIC), ки дар Мадрид ҷойгир аст, ҳамасола нашр мегардад.
Ҳадафи рейтинг баланд бардоштани ҳузури муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва тадқиқотӣ дар шабакаи ҷаҳонии Internet ва мусоидат ба нашри кушоди натиҷаҳои илмӣ мебошад. Ташкилоти мазкур аз соли 2004 инҷониб рейтинги муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва тадқиқотиро муайян намуда, ҳар шаш моҳ - моҳҳои январ ва июл натиҷагирӣ ва нашр менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар радабандии қаблӣ донишгоҳ дар мавқеи 9717 қарор дошт.

Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо