Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 таҳти №АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.07.2021 таҳти №20 (100) 01-46 нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 бо иштироки доираи васеи намояндагони ВАО доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма – хабарнигорон аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, телевизиони «Баҳористон», рӯзномаҳои «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Садои мардум», бахши тоҷикии радиои «Овози тоҷик», радиои “Садои Душанбе”, АМИТ «Ховар», маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон», раёсати донишгоҳ, деканони факултетҳо, мудири шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ, сардорони идораҳо ва мудирони шуъбаҳои дахлдор иштирок намуданд.
Ибтидо ректори донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. дар бораи фаъолияти ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Асосан саволҳо атрофи мавзӯъҳои ихтироот дар байни устодон ва донишҷӯён, ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои хориҷа, корҳои иҷрошуда вобаста ба эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”,дастгирии чопи мақолаҳои илмии устодон дар маҷаллаҳои байналмилалӣ ва Scopus, фаъолияти байналмилал дар 6 моҳи ҳисоботӣ, забони таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, дастгирии олимони ҷавон пас аз ҳимояи рисолаҳои илмӣ, мавқеи Донишгоҳи техникӣ дар раддабандии рейтинги байналмилалӣ ва дохилӣ, комёбиҳои факултети муштараки ДМТБ-ДТТ дар давоми фаъолият, сатҳи бокортаъминшавии хатмкунандагончораҳо нисбат ба омодагиҳо ба ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳ аз рӯйи чанд ихтисос мутахассис тайёр мекунад ва оё имсол ихтисосҳои нав ҳам ҳастанд ва монанди инҳо буданд.
Ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ректори донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ., муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал – Маҳмадизода М.М., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия – Абдулло М.А., муовини ректор оид ба равобити байналмилалӣ – Саъдуллозода Ш.С. ва дигар мутасаддиёни идораву шуъбаҳои донишгоҳ ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.
Боиси зикр аст, ки фаъолияти донишгоҳ дар намуди слайди намоишӣ (презентатсия) дар тахтаҳои электронии толори маҷлисӣ ба намоиш гузошта шуд ва дар давоми нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО аз он низ маълумот гирифта тавонистанд.
Дар охир ректори донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. ба намояндагони ВАО миннатдории худ ва аҳли коллективи донишгоҳро баҳри ҳамкориҳои судманди доимиашон баён дошт.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.