СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДОИР БА ПРОБЛЕМАҲОИ РУШДИ НАҚЛИЁТИ ШАҲРӢ

 08.11.2022

 

23222222222222222222222222

Санаи 29.10.2022 дар факултети “Иқтисодиёти соҳаҳо ва идора”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо ташаббуси кафедраи “Иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ” семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Мусофирбарии шаҳрӣ: проблемаҳо ва роҳҳои ҳалли он” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва 30-солагии Иҷлосияи Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинии илмӣ олимони соҳа – докторони илмҳои иқтисодӣ, профессорон – Бобоев Олимҷон Бобоевич, Абдуғаффор Рауфӣ, Раҷабов Раҷаб Кучакович ва Хоҷаев Парвиз Давронович иштирок карда, доир ба мавзӯи мазкур баромадҳои ҷолиби илмӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур, ки онро мудири кафедраи “Иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ” – д.и.и., и.в. профессор Ҳамроев Ф.М. раисӣ намуд, аъзоёни кафедраи мазкур, кафедраҳои “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт” ва “Менеҷменти истеҳсолӣ”, инчунин донишҷӯён ва магистрантон иштироки фаъолона доштанд.

Боиси қайд аст, ки олимони варзидаи соҳа доимо дар роҳнамоии шогирдон ва олимони ҷавон кӯшида, роҳҳои беҳтарини ҳалли проблемаҳоро нисбати мавзӯъҳои алоҳидаи илмӣ ба онҳо нишон медиҳанд.

Дар охири суҳбат бо дархости меҳмонон ва иштирокдорони мизи мудаввари илмии имрӯза пешниҳод гардид, ки чунин чорабиниҳо ва мизҳои мудаввари илмӣ дар давоми муддатҳои муайян ва кӯтоҳ бо ҷалби магистрону аспирантон ва дигар кормандони илмӣ бо иштироки олимони шинохта ва мутахассисони соҳа баргузор карда шаванд.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо