Қадрдонии кормандони донишгоҳ бо мукофотҳои давлатӣ

 15.09.2022

Қадрдонии кормандони донишгоҳ бо мукофотҳои давлатӣ

Санаи 8-уми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ сурат гирифт, ки дар он Матлубахон Сатториён - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Раҳим Ҳамро – вазири маориф ва илм ва як қатор кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд.
 
Нахуст муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҳозиринро ба муносибати ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудани заҳмати намояндагони соҳаи маориф ва шахсони содиқу обрӯманди ҷомеа рамзи сипосгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо арзёбӣ мегардад.
 
Сипас, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи маориф ба як қатор олимон ва омӯзгорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим гардид.
 
Аз ҷумла, Шарифзода Шуҳрат - муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, Мирзоева Фирӯза - дотсенти кафедраи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, Бадалов Абдулхайр - профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, Сафаров Фузайл - дотсенти кафедраи технологияи коркарди нахҳои табии ва Гадоев Сафаралӣ - дотсенти кафедраи нақшакашии муҳандисӣ ва компютерӣ бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шуданд.
 
Ин дастовард боиси ифтихор ва сарфарозии аҳли кормандони донишгоҳ мебошад.
 

photo_2022-09-15_11-25-54photo_2022-09-15_11-25-59     photo_2022-09-15_11-26-03

 


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо