ХАТМКУНАНДАГОН БО ДИПЛОМҲОИ АЪЛО САЗОВОР ГАРДИДАНД

 02.07.2022

2-юми июни соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ маросими тақдими дипломҳои аъло ба донишҷӯёни зинаи бакалавр ва магистратура баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қ.Қ., сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ниёзӣ С.Р., муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва волидони донишҷӯён иштирок намуданд.

Соли таҳсили 2021-2022 донишгоҳро аз рӯйи ихтисосҳои марбута 1980 нафар донишҷӯёни зинаи бакалавр, 154 нафар зинаи магистратура ва 141 нафар маълумоти дуюми олии касбӣ хатм намуданд, ки аз ин теъдод дар маҷмӯъ 83 нафар донишҷӯёну магистрон барои гирифтани дипломи аъло шарафёб гардиданд. Аз инҳо 41 нафар магистрон ва 42 нафар бакалаврон, ки 8 нафар магистрон ва 5 нафар бакалаврон духтарон мебошанд. Боиси ифтихор аст, ки аз шумораи умумии хатмкунандагон бо дипломи аъло 4 нафар шаҳрвандони хориҷӣ донишгоҳро хатм намуданд. Инчунин 3 нафар донишҷӯёни аълохон, ки бо дипломи аъло сарфароз гардиданд, айни ҳол бо сари баланд дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида, дар хизмати Модар - Ватан қарор доранд.

Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Қ.Қ. оғоз карда, донишҷӯёнро ба муносибати хатми бомуваффақияти донишгоҳ ва сазовор гардидан ба дипломи аъло табрик карда, ба волидони онҳо барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст арзи сипос баён намуд.

Сипас аз номи донишҷӯёни хориҷӣ магистрант Абасин Раҳимӣ (Афғонистон) баромад карда, ба роҳбарияти донишгоҳ ва кулли устодон барои меҳнати содиқона баҳри омода кардани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ сипосгузорӣ намуд.

Баъдан дар фазои тантанавӣ ректори донишгоҳ дар ҳузури меҳмонону волидон ба хатмкунандагон дипломҳои аълоро тақдим намуд.

290922410_8102174106474247_3274942120215028996_n290233845_8102172169807774_5297435518998578998_n289821358_8102169239808067_8314036470160429230_n289654611_8102170879807903_258289514794369995_n

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

#TTU #TTU_ифтихор #TTU_2022


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо