АТТЕСТАТСИЯИ УНВОНҶӮЁН ВА ДОКТОРАНТОН

 23.06.2022

Рӯзи 22-юми июни соли 2022 дар доираи ҳафтаи аттестатсионӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ  аттестатсияи солона ва ҷамъбастии унвонҷӯён ва докторантони PhD баргузор гардид. Дар ин рӯз унвонҷӯён ва докторантони PhD аз факултети менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ доир ба фаъолияти илмию тадқиқотии худ ҳисобот доданд.

Унвонҷӯён ва докторантон бо омодагии хуб натиҷаи корҳои илмӣ ва тадқиқотии худро пешниҳод намуда, барои фаъолияти ояндаашон дастурҳои зарурӣ гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо