Иштироки ҳайати донишгоҳ дар конференсияи минтақавӣ

 04.06.2022

3-юми июни соли 2022 ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо роҳбарии муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Саъдуллозода Ш.С. дар конференсияи минтақавии «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар кори конференсия намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, инчунин намояндагони дигар ташкилоту созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иштирок карданд.
Конференсия дар доираи татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи об барои рушди устувор, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул карда шудааст, баргузор гардид.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо