30-юми майи соли 2022 ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ иборат аз мудирон ва устодони кафедраҳои истифодабарии нақлиёти автомобилӣ ва сохтмони роҳҳо, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ дар семинари «Бехатарии ҳаракати роҳ бо ҷонибҳои манфиатдор» иштирок намуданд.
Семинар дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ташкил ва баргузор гардид.