Иштироки ҳайати донишгоҳ дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат»

 27.05.2022

Шурӯъ аз 26-уми майи соли 2022 донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва хонандагони литсейи техникии назди донишгоҳ дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» иштирок карда истодаанд.
Даври ноҳиявии озмун аз рӯйи номинатсияҳои муқарраршуда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Донишҷӯён ва хонандагонро дар озмун сардори раёсати илм ва инноватсия, намояндагони сохторҳои раёсат, мудирони кафедраҳо ва устодон ҳамроҳӣ мекунанд.
281777114_7927137007311292_4030036623379496606_n 283549982_7927137957311197_3491018264290358206_n 281798489_7927137237311269_8426240066345713987_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо