ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

 09.06.2021

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ НАРЗУЛЛОЕВ Зубайдулло Файзуллоевичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд.

Нарзуллоев З.Ф. дар мавзӯи “Хосиятҳои хӯлаҳои рӯҳӣ-алюминийи  ZN5AL, ZN55AL бо оҳан ва никел” рӯзи 27-уми майи соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-009 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ рисолаи илмии худро аз рӯйи ихтисосҳои 05.16.09 - Масолеҳшиносӣ (дар мошинсозӣ) ва 05.16.02 – Металлургияи металлҳои сиёҳ, ранга ва нодир бомуваффақият ҳимоя намуд.

Раёсати донишгоҳ умедвор аст, ки дар оянда низ олими ҷавон ба тадқиқоти худ идома дода, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ хоҳад расид.

Раёсати донишгоҳ.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо