МАСЪАЛАИ СТАНДАРТОНӢ ВА ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДА: ВОХӮРИИ СУДМАНД

 26.05.2022

Рӯзи 25-уми майи соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии намояндагони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикистандарт) бо коллективи устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Ҷаласаи вохӯриро муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Б.С. ҳусни оғоз бахшид.

Дар ин вохӯрӣ доир ба масъалаи "Татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи стандартонӣ ва метрологӣ дар давраи истиқлолият" суҳбати ошкор сурат гирифт. Намояндагон паҳлуҳои гуногуни раванди стандартонӣ, ҳифзи сифати молу маҳсулот ва ҳуқуқи истеъмолкунандагонро пурра шарҳ доданд.

Дар охир ба саволҳои зиёди иштирокдорони вохӯрӣ намояндагони Агентии мазкур ҷавоби қаноатбахш доданд.

IMG_4750IMG_4789IMG_4785

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо