Маросими баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»

 19.05.2022

Рӯзи 19-уми майи соли 2022 дар шаҳри Бохтар маросими баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» баргузор гардид.
Дар асоси муқаррароти созишномаи мазкур ҷонибҳо ташкил ва баргузор намудани курсҳои кутоҳмуддати омӯзиширо дар бахшҳои гуногуни техника ва технология, алалхусус самтҳои ба сохтмон ва саноат наздик ба нақша гирифтаанд.
Маросими баимзорасонии созишнома зимни сафари кории роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар сурат гирифт.
Зимни сафари корӣ ректори донишгоҳ бо директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» Умед Шарипов ва намояндагони ширкатҳои хориҷӣ мулоқот анҷом доданд.
Мавриди зикр аст, ки ин дуюмин сафари кории роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» буда, бори аввал ҳайати васеъи донишгоҳ аз имкониятҳои истеҳсолӣ ва илмии корхонаи азим дидан карда буданд.
Дар доираи ҳамкориҳои судманд устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо истифодаи аз иқтидори бузурги истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» дар корҳои амалӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ иштирок менамоянд.
282142113_7885655468126113_7065665859117888577_n281268877_7885655988126061_5676579863008067430_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ыомеа.

Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо