Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами нақлиёт ва логистика дар замони муосир»

 16.05.2022

14-уми майи соли 2022 бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ дар доираи лоиҳаи DigEco семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами нақлиёт ва логистика дар замони муосир» баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ мудири кафедраи иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ Ҳамроев Ф.М. доир ба саҳми лоиҳаи DigEco дар рушди соҳаи нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, ба иштирокчиёни семинар маводи ҷолибро пешниҳод намуд.
Сипас донишҷӯён дар мавзӯъҳои «Перспективы и преимущества цифровой экономики», «Agile планирование и цифровизация экономики», «Основные макроэкономические показатели», «Кто должен оплатить налог?» ва «Цифровизация экономики в авиации» маърӯза намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи DigEco дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ шумораи зиёди чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо ва тренингҳо ташкил ва баргузор шудаанд.
280185499_7863182947040032_5751347336418821816_n 279948503_7863181890373471_1693154754811205819_n 279912809_7863182737040053_2207737316960796075_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо