СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 06.05.2022

6-уми майи соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ семинари омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар байни донишҷӯёни донишгоҳ гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Семинарро муовини аввали ректори донишгоҳ, муовин оид ба таълим - Маҳмадизода М.М. кушода, раёсати чорабиниро ба Бойзод Х.Р. - муовини сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи агентӣ супорид.

Баъдан Турсунзода С.Т. - нозири калони шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи агентӣ дар мавзӯи "Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба коррупсия" маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Пас аз он Шарипов А.П. - намояндаи ташкилоти ҷамъиятии "Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон" дар мавзӯи "Стандартҳои байналмилалии мубориза бо коррупсия" суханронӣ намуд.

Дар охир аз ҷониби донишҷӯён ба маърӯзакунандагон саволҳои зиёде пешниҳод гардид, ки ба онҳо ҷавобҳои қаноатмандкунанда дода шуд.

_3изображение_viber_2022-05-04_21-52-06-061изображение_viber_2022-05-04_21-52-09-380

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо