Донишҷӯйи донишгоҳ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии Imon scholarship шуд

 31.05.2021

Донишҷӯйи курси сеюми ихтисос 700202 (Ташхис ва идораиамводи ғайриманқул) Шерзодиён Ардашер Алишер дар озмуни ҷумҳуриявии Imon scholarship, ки аз ҷониби Ташкилоти амонатии қарзи хурд «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ташкил гардид, иштирок карда, аз байни қариб 500 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди кишвар дар баробари 10 нафар донишҷӯёни дигар ғолиб озмун эътироф гардид.

Маросими эълони ғолибони озмуни болозикр санаи 16 марти соли 2021 дар толори Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки Ардашер Шерзодиён дар баробари фаъолият дар самти тадқиқотҳои илмӣ, ҳамзамон ба ҳайси раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ фаъолият менамояд.


Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо