Маросими оғози бунёди Устохонаи Лубан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 06.05.2022

6-уми майи соли 2022 дар маркази таълимии инноватсионии факултети сохтмон ва меъморӣ маросими оғози бунёди Устохонаи Лубан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросим аз ҷониби Тоҷикистон ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, муовинони ректор, роҳбарони воҳидҳои сохтори донишгоҳ, декан ва мудирони ҳамаи кафедраҳои факултети сохтмон ва меъморӣ ва аз ҷониби Чин роҳбарияти Донишгоҳи касбӣ-техникии шаҳрсозии Тянҷин, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Ширкати сохтмонии саноати кимиё ва ангишти Шенсӣ» (SHCCIG) ва масъулини дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.
Дар қисмати ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар баромад намуда, иброз доштанд, ки муносибатҳои судманд миёни ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар ва иродаи қавии роҳбарияти олии ҷонибҳо дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин имконият дод, ки дар арафаи 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чин яке аз бузургтарин нишонаҳои эҳтироми хосаи мардуми Чин ва иншооти азим бо иқтидори бузурги илмӣ-истеҳсолӣ – Устохонаи Лубан аввалин маротиба дар миқёси Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шавад. «Бо интизории саршор аз самимият умед ба он дорем, ки бунёди Устохонаи Лубан дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ риштаи дӯстии кишварҳои бародар Тоҷикистон ва Чинро беш аз ҳамавақт мустаҳкам менамояд», зикр карданд ректори донишгоҳ.
Ҷониби Чин дар баромади худ аз сатҳи ҳамкориҳои судманд ва рушди мунтазами онҳо истиқбол гирифта, таъкид намуданд, ки Устохонаи Лубан - брендҳои машҳури байналмилалии мубодилаи фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Мардуми Чин ва кишварҳои хориҷӣ буда, аз маҷмӯи марказҳои таълими амалии ихтисосҳои муҳандисӣ иборат мебошад, ки дар беш аз 30 кишварҳо Осиё, Аврупо, Африқо ва Канада бунёд карда шудааст. Дар Осиёи марказӣ бошад, устохонаи мазкур аз аввалин чунин марказҳо мебошад, ки аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бунёд карда мешавад.
Пас аз қисмати расмии оғози бунёди Устохонаи Лубан дар бинои ояндаи устохона корҳои таъмирӣ оғоз ёфтанд.
280091609_7822844211073906_8814763062623685388_n279700879_7822844904407170_1945290951567315967_n279843591_7822845421073785_4015531096403371787_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат

Ҳамкориҳо