Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ рӯзи 5-уми майи соли 2022 намоиш-фурӯши китобҳо доир гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди китобу китобхонӣ бо ташаббуси муассисаи нашриявии "Ирфон" аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ва китобхонаи донишгоҳ баргузор карда шуд.
Дар ин намоиш-фурӯши китобҳо нафарони зиёди китобдӯст иштирок намуда, аз китобҳои зиёд харидорӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.